Бинои нави беморхона дар Ёвон
Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияро, ки таъмиру таҷдид гардидааст, мавриди истифода қарор дод. Бинои нав имкон медиҳад, ки сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида, шуъбаҳои таваллудхона, гинекологӣ ва патологию ташхисгоҳҳо бо техникаи муосир муҷаҳҳаз гарданд. Дар баробари ин дигар шуъбаҳое, ки дар биноҳои дигари барои соҳаи тиб номувофиқ ҷойгир буданд, ба бинои мазкур кӯчонида мешаванд. Бинои нави беморхонаи марказии ноҳия дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Олмон ба маблағи 2 млн евро сохта ва муҷаҳаз шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






