Боздошти собиқ сарвазири Португалия
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си чанде қабл собиқ сарвазири Португалия Жозе Сократешро дар фурудгоҳи шаҳри Лиссабон кормандони прокуратураи генералӣ боздошт намуданд. Ба гуфти роҳбари прокуратураи генералии кишвар собиқ сиёсатмадор дар саркашӣ аз пардохти андоз ва даст задан ба амалҳои коррупсионӣ муттаҳам мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки барои даст доштан дар ин амалҳои ношоям қаблан 3 нафари дигар низ аз мансабдорон боздошт гардиданд.
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Палатаи поёнии Парлумони Афғонистон қарордоди мақоми неруҳои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро ҷонибдорӣ намуд. Гуфта мешавад, ки ин ду санад бо ҷонибдории аксарияти вакилон ва раъйи мухолифи 5 узви парлумон ба тасвиб расид. Гуфтан ба маврид аст, ки қарордоди дуҷониба баъди он ҳукми амал мегирад, ки он аз ҷониби ҳарду палатаи парлумони Афғонистон тасдиқ шавад.
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар Тунис интихоботи президентӣ баргузор гардид. Барои соҳиб шудан ба мансаби президенти ин мамлакат 20 нафар номзад пешбарӣ шудааст. Аммо муборизаи асосӣ миёни собиқ сарвазир Беҷӣ Қоид Ас-Себсӣ ва президенти муваққатии кишвар Мунсиф Марзуқӣ сурат гирифт. Бояд гуфт, ки натиҷаҳои интихобот рӯзи 26-уми ноябри соли равон интишор хоҳанд шуд.
Душанбе ,24.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” як силсила аксҳо ва видеои ҷангиёни қазоқро дар Сурия ҳамроҳ бо духтарони хурдсоли онҳо, ки зоҳиран 12 -13 солаанд, ҳангоми тамрин бо либосҳои низомӣ ва савганди ҷиҳод дар роҳи Худо нашр кардааст.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






