Хуҷанд: Озодии 105 нафар бар асоси Қонуни авф
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар асоси Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки аз 24-уми октябр қабул шудааст, охири ҳафтаи сипаришуда аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ва муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯр, воқеъ дар маркази вилоят 105 нафар маҳбуси ба муҳлатҳои гуногун маҳкумгардида ба озодӣ баромад, ки байни онҳо 4 нафар зан низ буд.
Тавре ки сомонаи расмии раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маросими ба озодӣ баромадани зиндониёни авфшуда муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, генерал-лейтенант Изатулло Шарифзода изҳор дошт, ки ин авфе, ки нисбат ба маҳкумшудагон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, боварӣ дорам, ки дигарбора шуморо аз роҳи хато бозмедорад ва дар ҳаёти ояндаи худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб мекунед.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






