Кумакпулӣ ба ифтихори Рӯзи Парчам

Ноябрь 25, 2014 16:40

Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Ҷиҳати дастгирии донишҷӯёни ятиму камбизоат, донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов аз хазинаи донишгоҳ 545 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид.
Тибқи иттилои сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод интизор меравад, ки ин миқдор маблағ ба 658 нафар донишҷӯи тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, 366 нафар муҳассили аз падар ва ё модар маҳрумгашта, 35 нафар маъюб ва 32 нафар ятими кулл, ки дар маҷмӯъ 1091 нафар мебошанд, ба андозаи 500 сомонӣ тақсим мешавад. 
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар соли равон ин ҳафтумин кумаки Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни камбизоат буда, қаблан дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба ин табақа 179 ҳазору 681 сомонӣ маблағ аз хазинаи донишгоҳ ихтисос гардида буд. 
Гуфта мешавад,ки ин маблағҳо аз тариқи кортҳои бонкии донишҷӯён дастрас мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин муассисаҳои олии мамлакат маҳсуб ёфта, алҳол дар он беш аз 15 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил мекунад ва дар ин боргоҳи илм наздик ба 1000 омӯзгор дарс мегӯяд. 
 
 

Ноябрь 25, 2014 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад