Омоданамоии Барномаи нави СММ дар Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2014 09:40

Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-10-11 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи “Муайян намудани натиҷаҳои стратегӣ барои омода намудани Барномаи нави СММ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Маҳмудзода гуфт, ки: «…дар моҳи октябри соли 1999 дар байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Лоиҳаи AD/TAJ/99/D65 «Ташаккули институтсионӣ, коркарди стратегия ва такмил додани чораҳо оид ба назорати маводи нашъаовар ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон», ки он бомуваффақият ба анҷом расонида шуд. Ба шарофати расонидани ёрии амалӣ дар доираи лоиҳаи мазкур имрӯз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мақомоти босалоҳият ва самараноки ҳифзи ҳуқуқи мамлакат табдил ёфтааст, ки дар арсаи байналмилалӣ пурра эътироф шудааст».Ба Намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар таҳияи Барномаи нав оид ба масъалаи расонидани кумак дар амалисозии минбаъдаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пешниҳод шуд.Дар кори семинар ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, мувоини вазири рушди иқтисодиёт ва савдои ҶТ Умед Давлатзода, инчунин намояндаҳои дигари СММ ва ВАО иштирок намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд.

Ноябрь 12, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст