Ташрифи Президенти Чехия ба Тоҷикистон
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бегоҳии имрӯз, 25-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Интизор меравад, ки Президенти Ҷумҳурии Чехия дар доираи сафари расмии дурӯзаи худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехияро матраҳ намоянд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Президенти Чехия дар ҷараёни сафари расмиаш ба Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон дар маросими расмии ифтитоҳи Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузории Тоҷикистону Чехия иштирок намоянд.
Дар назар аст, ки Президенти Чехия дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон маҷмӯи созишномаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расонда, дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон -муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузорад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






