Ҳаққи қалам бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия мешавад

Декабрь 3, 2014 16:07

 
       Душанбе, 3.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Минбаъд ҳаққи қалами муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия мешавад. Дар иртибот ба ин 3 декабр вакилони палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» тағйирот ворид намуданд. 
   Бунафша Одинаева -муовини вазири фарҳанги кишвар дар назди вакилони Парлумон гуфт, ки ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад. 
 Ворид намудани тағийрот ба лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар инчунин дар сатҳи дахлдор  танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон роҳандозӣ гардидааст. 
Таъкид шуд, ки андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад. Ва ҳамзамон бо индексаксияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат индексатсия мешавад, ки ин омил на ҳама вақт аз ҷониби истифодабарандагон ба инобат гирифта мешавад. 
 
 

Декабрь 3, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад