Ҳушдори Барак Обама ба Кореяи Шимолӣ
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Ассошиэйтедпресс Президенти ҷумҳурии Амрико Барак Обама ҳафтаи равон дар як нишасти матбуотӣ бо ишора ба ҳукумати Кореяи Шимолӣ ҳушдор додааст, ки Амрико ба иқдоми онҳо «ба шевае, ки худ интихоб мекунад ва дар макон ва замони муносиб» посух хоҳад дод.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои шабакаи интернетии BelaPAN-и Беларус чанд сомонаи хабарии мустақил дар кишвари Беларус баста шуд. Гуфта мешавад, ки ҳукумати Беларус қарори наве ба имзо расонид, ки аз ин рӯз тасмим гирифтааст тамоми хабарҳои нашршуда зери назорати ҳукумат гирифта шавад. Гуфта мешавад, ки қонуни нави дигаре ба имзо расонида шуд, ки агар ҳар сомонаи хабарӣ дар давоми сол ду бор барои муҳтавои маводи чопкардааш огаҳӣ гирифта бошад, давлат метавонад онро бандад. Қонун баъд аз якуми январи соли 2015 эътибор пайдо мекунад.
Душанбе,22.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Покистон Чоудри Нисор Алихон мегӯяд, 500 нафар зиндониёне, ки барои ширкат дар аъмоли террористӣ дар зиндон қарор доранд, дар давоми ду-се ҳафтаи оянда эъдом хоҳанд шуд. Ӯ зикр намуд, ки афви онҳо аз тарафи раисиҷумҳур рад шудааст ва онҳо қатл хоҳанд шуд.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шаҳри Кочамбамбаи Боливия 10 нафар ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳат бардошт. Мувофиқи маълумоти расида, мошини боркаш, ки одамонро интиқол медод, аз баландии 30 метр ба ҷарӣ сарозер гардидааст. Кормандони соҳаи тибб вазъи саломатии осебдидагонро вазнин арзёбӣ менамоянд.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар вилояти Кунари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миёни неруҳои қудратии мамлакат ва гурӯҳи силоҳбадаст даргирии шадид сурат гирифт. Дар пайи бархӯрди мусаллаҳона 17 силоҳбадаст маҳв шуда, 6 тани дигар захми гуногун бардошт. Гуфта мешавад, ки дар минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади нобуд кардани силоҳбадастон амалиёти густурдаи неруҳои қудратӣ то ҳол идома дорад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






