А. Иброҳимӣ: «Нақши Тоҷикистон дар пуштибонии Афғонистон бузург аст»

Декабрь 5, 2014 11:26

 
Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Шоми дирӯз Сардори Давлат  Эмомалӣ Раҳмон раиси Вулус Ҷирга (парлумон)-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимиро ба ҳузур пазируфт. Пас аз мулоқот Абдуррауфи Иброҳимӣ андешаҳояшро ба намояндагони васоити ахбори омма чунин баён намуд:
«Нақши Тоҷикистон, хусусан саҳми бевоситаи Сарвари Давлати тоҷикон Ҷалолатмаоб, Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибонӣ аз манфиатҳои Афғонистон дар минтақаву  ҷаҳон ва ҳам ба дӯстию ҳамсоягии  ду кишвари ҳамфарҳанг хеле бузург аст. Аз номи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон   арзи сипос менамоям».
Абдуррауфи Иброҳимӣ аз судмандии мулоқоташ бо Президенти  Тоҷикистон ва ҳамкориҳои миёни сохторҳои ду кишвар, аз ҷумла соҳаи амният ва   гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва   аз ҳамкории хуби сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳори қаноат карда,  гуфт, ки парлумонҳои Тоҷикистону Афғонистон ба густариши ҳамкориҳо дар ин бахшҳо тавваҷуҳи зиёд зоҳир хоҳанд кард.  
Дар ниҳоят раиси Вулус Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иброз намуд, ки сафари кунунӣ як сафари бисёр муваффақ ва босамар барои манфиати ҳарду кишвар хоҳад буд.
 

Декабрь 5, 2014 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад