Баланси маводи ғизоӣ — олати таҳлили стратегӣ

Декабрь 4, 2014 15:33

Душанбе,  04.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).-  3  декабр  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқот  бо таҳиягарони  маълумоти   омории  баланси  маводи  ғизоӣ ва семинари серӯзаи  таълимии  истифодабарандагони   маълумоти  баланси  маводи  ғизоӣ  баргузор  гардид. 
Назар  ба  хабари  Агентии  омори   назди  Президенти  ҶТ, чорабинии  мазкур  дар  ҳошияи  лоиҳаи «Мусоидат  ба густариши   низоми иттилоотии  миллӣ  оид ба  бехатарии  маводи  ғизоӣ   дар  Тоҷикистон», ки  онро  Иттиҳоди  Аврупо   маблағгузорӣ  ва  Агентии федералии  таҳсилот  дар Тоҷикистон дар  амал  татбиқ  менамояд, роҳандозӣ  шуд. Манзури  лоиҳа  таҳкими  неруи  миллӣ барои таҳияю  таҳлил ва  пешниҳоди  маълумоти   дақиқ  барои   стратегияю  барномаҳо мебошад. 
Иштирокдорони  мулоқот  изҳор  доштанд, ки лоиҳаи  мазкур  бояд  ба  таври  илова  таҳлилу  таҳқиқ ва перомуни   меъёрҳои  хисораи  табиӣ ва  захираҳои   маводи  асосии  ғизоӣ   пешниҳодҳо  ироа  шаванд.
Иштирокдорони  чорабинӣ ҳамчунин  дар  бораи   имконот  ва  маҳдудияти  истифодаи   баланси  маводи  ғизоӣ   табодули  афкор  намуданд.

Декабрь 4, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад