Боздиди Ш.Саид аз ширкатҳои Италиё

Декабрь 5, 2014 12:14

Душанбе,  05.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).- Раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид   дар  ҷараёни  сафари  кориаш  ба маркази   маъмурии   вилояти  Умбрия  шаҳри Перуҷии Италиё  бо президенти Ассосиатсияи  соҳибкорони  HANDCRAFT ҷаноби  Моретти  мулоқот анҷом  дод. 
Тавре  ки  аз  ПСС ҶТ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ҷаноби  Моретти  соҳиби  ширкати   косибии  истеҳсолкунандаи  маснуоти  сафолӣ ва маснуоти гуногун  мебошад.
Раиси  ПСС ҶТ  маҳорату  санъати  косибони Италиёро  ба дараҷаи  баланд  арзёбӣ  намуда, гуфт, ки маҳсулоти онҳо ҷузъи  муҳими  мероси фарҳангии  Италиё  маҳсуб  меёбанд. 
Шариф  Саид  ҳамчунин  аз   ширкатҳои   италиёие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти бандубасткунӣ  аз  картон  барои  маводи  ғизоӣ   машғуланд,  боздид  намуда, сатҳу  сифати  баланд ва афзалиятҳои  техникии маҳсулоти бандубасткунӣ, зебоӣ ва технологияи муосири онро  қайд  намуд.

Декабрь 5, 2014 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад