Истиқболи Соли нави мелодӣ дар майдони «Дӯстӣ»
Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Сокинон ва меҳмонони Душанбе Соли нави мелодии 2015-ро шоми 31 декабр дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт таҷлил менамоянд. Дар ин ҷо аз соати 19:00 то 21:00 бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барномаи идонаи солинавӣ баргузор гардида, он бо мушакпарронии 5 дақиқагӣ ба анҷом мерасад. Тибқи нақшаи шаҳрдории Душанбе дар майдони «Дӯстӣ» то 30 декабри соли равон арчаи солинавӣ гузошта мешавад.
Ҳамзамон тибқи барномаи тарҳрезинамудаи шаҳрдории Душанбе дар иртибот ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодӣ 30 декабр дар толори Сирки давлатӣ намоиши идонаи солинавӣ барои хонандагони болаёқати пойтахт ташкил мешавад. Инчунин аз ҷониби шаҳрдории пойтахт ба таври маблағгузорӣ ба мактаб-интернатҳои шаҳр кумакҳои хайрия расонида шуда, барномаҳои бадеии солинавӣ ташкил мешаванд.
Вобаста ба баргузории чорабиниҳои идонаи солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт 31 декабр аз соати 17:30 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи кӯчаи Шоҳтемур то чорроҳаи кӯчаи Бухоро манъ мешавад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






