«Истиқлол» бо якчанд бозингар хайрбод кард

Декабрь 29, 2014 12:14

       Душанбе,  29.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Қаҳрамони  секаратаи  Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» — и  шаҳри  Душанбе, ки чанде  пеш  ба  мавсими  нави  футбол омодагӣ  гирифт, қарор  дод, ки  бо 3  нафар  футболбозони  ҳайати  соли  гузашта  хайрбод  кунад. Дар  ин бора  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар доданд.
Назар  ба иттилои  сомонаи  расмии  дастаи «Истиқлол», мӯҳлати  қарордодҳои  бозингарони клуб ҳамлагар Комил  Саидов  ва футболбози  Бразилия Глаубер  Да  Силва хатм  шуда,  роҳбарияти  клуб  тасмим  гирифт, ки  бо футболбозони  зикршуда қарордодҳои  навро  имзо  накунад. 
Ғайр  аз  ин  муҳофизатгари  дастаи мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  Наим  Ӯлмасов «Истиқлол» — ро тарк  менамояд. 
Ёдовар  мешавем, ки   Комил  Саидов  дар  оғози  мавсими  соли  2014 ба «Истиқлол»  омада,  дар  15  вохӯрии  мусобиқот  ба  дарвозаи  дастаҳои  ҳариф 7  туб  задааст. Наим  Ӯлмасов   ва Глаубер  Да  Силва  дар  оғози  соли  2013 ба  дастаи  «Истиқлол»  пайваста  буданд.Варзишгари  бразилӣ  дар   ду  мавсими мусобиқоти  кишвар  дар  21  вохӯрӣ  иштирок  намуда,  ба дарвозаи  ҳарифон фақат   як   туб  задааст.
Дастаи «Истиқлол»  дар  сомонаи   расмии  худ  ба бозингарони  зикршуда изҳори  миннатдорӣ  намуда,  ба онҳо  дар арсаи   варзишиашон  муваффақиятҳо  орзу  кардааст.

Декабрь 29, 2014 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид