Куштор дар ҳолати мастӣ

Декабрь 24, 2014 15:03

Душанбе, 24. 12. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд  Волков Евгений Анатолевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир  гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки номбурда рӯзи 22 декабр дар ҳолати мастӣ бо шаҳрванд  Агаджанов Григорий Олегович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе муноқиша  намуда,  якчанд маротиба бо шиша  ба сараш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Г.Агаджанов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
 Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 

Декабрь 24, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст