Маҳви 3000 бех бангдона дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Декабрь 27, 2014 10:34

Айнӣ, 27.12.2014.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Дар минтақаи Зарафшон шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 8 ҷиноятро ошкор ва 8 кг 784,89 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 8 кг 734,46 грамм маводи нашъаовари навъи афюн, 2,77 грамм маводи нашъаовари  сахттаъсири героинро мусодира намуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2014» 3000 бех ниҳоли бангдонаи худрӯй дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дарёфт ва маҳв  шуд.
   Тавре ки муовини сардори шуъба Шӯҳратҷон Арбобов иброз намуд, барои содир намудани ин ҷиноятҳо 15 нафар шахси гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва 6 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. 

Декабрь 27, 2014 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад