Машқи якҷояи сарҳадбонони Тоҷикистону Афғонистон дар Анқара

Декабрь 4, 2014 15:33

 
Душанбе,  04.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова).-  20  нафар  намояндагони Сарраёсати  кӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи  давлатии   амнияти  миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва пулиси  сарҳадии  ВКД Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон давоми 10  рӯз  дар  шаҳри  Анқараи  Туркия машқ  карданд. 
Машқ  дар  мавзӯи  «Идораи  сарҳадот дар  вазъияти  бӯҳрономез» — ро  Ташкилоти байналмилалии  муҳоҷират  бо  дастгирии   Вазорати   рушди  байналмилалии  Британияи  Кабир  созмон  дода буд. 
«Идораи  сарҳад дар  вазъияти  бӯҳрономез  бахши  асосӣ  барои   расонидани  ёрӣ  ва  дидани  чораҳои  дахлдор ҷиҳати  идораи он  дар   давраи  бӯҳронҳои   гуманитарӣ   ба шумор  меравад,  ки бар  асари  офатҳои табиӣ  ё  фалокатҳои  техногенӣ  аз  қабили   нороомии  сиёсию  ҳарбӣ рух  медиҳанд»,  —  гуфт корманди Ташкилоти байналмилалии  муҳоҷират  Қимматшо  Шоҳназиров.
Дар  ҷараёни  машқ  мавзӯъҳои  мухталиф  аз  қабили  ҳуқуқҳои  асосии   муҳоҷирон,  тарҳрезии фаъолият ҳангоми  сар  задани   ҳолатҳои  фавқулодда,  идораи  сарҳад  дар  вазъияти  бӯҳрономез,  одамрабоӣ ва   роҳзанӣ  дар  ҳолатҳои  фавқулодда баррасӣ  шуданд. 
Ба  гуфтаи   сардори  Раёсати   назорати  сарҳади  Сарраёсати   кӯшунҳои  сарҳадии  Кумитаи  давлатии   амнияти  миллии  ҶТ  Маҳмадӣ  Мирзоев,  машқҳои  муштарак  барои  ҳар  ду  ҷониб  муфиданд,   зеро беҳдошти  идораи   сарҳад  барои   паст  кардани  сатҳи убури  ғайриқонунии   сарҳад,  интиқоли   маводи  мухаддир,  аслиҳа  ва  маводи   радиоактивӣ   зарур  аст.

Декабрь 4, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад