Мубориза бо терроризм тақвияти ҷаҳонӣ мехоҳад
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 16 декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз ашхоси мусаллаҳи ҳаракати Толибон ба як мактаби артиши Покистон дар шаҳри Пешовар ҳамла карданд, ки ин амали террористӣ боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардид. Ин амали нангин яке аз фоҷеабортарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи башарият маҳсуб ёфта, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ башиддат маҳкум гардид. Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон террори ваҳшатангези кӯдакону наврасон ва омӯзгоронро маҳкум намуда, иброз дошт: «Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод».
Инчунин Барак Обама, Президенти Амрико, Ашраф Ғанӣ, Раиси Ҷумҳурии Афғонистон, Франсуа Олланд, Президенти Фаронса, Франк Валтер Штенмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон, Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ ва дигар ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин амали ваҳшиёнаро нисбат ба ҳаёти инсонҳо маҳкум намуда, онро амали разилона, чеҳраи манҳуси террористҳо ва нишонаи тарсуиву буздилӣ донистанд.
Бино ба иттилои баъзе манбаъҳо дар ин ҳамлаи хунин беш аз 140 нафар кушта шуда, 120 тани дигар ҷароҳати гуногун бардошт.
Амали мазкур, бешак, нишони ваҳшонияти ашхоси бадахлоқу бетарбия, бесаводию ҷоҳилӣ, бераҳмиву шафқати инсонӣ ва Исломи нобро ба манфиатҳои ғаразноки шахсию гурӯҳӣ истифода бурдани як идда гурӯҳҳо, инчунин ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастани ҷавонони бехабар аз рукнҳо ва оинҳои дини мубини Ислом мебошад. Маҳз ҷоҳилӣ, яъне нодонию нофаҳмӣ ва аз таълиму тарбия дур мондани наврасону ҷавонон сабабгори аслии пайвастани ашхос ба чунин гурӯҳҳои тундгаро мегардад, ки натиҷаи амалҳои онҳо террори аҳолии осоишта ва ҳатто кӯдакону наврасон аст.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудратро зарур аст, то бо назардошти набзи сайёра мубориза бо чунин амалҳои ғайриинсонӣ ва разилонаи ашхоси бидуни табиати инсонӣ ва раҳму шафқати башариро пурзӯр намуда, барои нобуд кардани ин гуна ҳаракатҳову равияҳо ва гурӯҳҳои муташаккил барномаҳои таъсирнокро тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






