Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Ма Вэйя

Декабрь 5, 2014 15:27

 Душанбе, 04.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз  Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро муовини сардори Раёсати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Вэйяро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни ду вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки баргузории машқҳои тактикии муштарак дар назар дошта шудааст, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангии ҳайати шахсии таъйиноти махсус, омодагии онҳо дар шароити маҳал ва иқлими гуногун, инчунин гузаронидани амалиёти махсуси муштараки байни ниҳодҳо мебошад.
«Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд», — хабар медиҳад манбаъ.

Декабрь 5, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад