Нақши ВАО дар баргузории интихоботи одилонаю шаффоф

Декабрь 16, 2014 12:18

Душанбе, 16.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Нақши васоити ахбори омма /ВАО/ дар инъикоси раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ВАО -и ватанию хориҷӣ ва аъзои КМИР, инчунин коршиносон ҳузур доштанд.  Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси КМИР дар оғози чорабинӣ нақши ВАО-ро дар ҷараёни маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи навбатии парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки КМИР тамоми шароити мусоидро бобати иштироки фаъоли намояндагони ВАО- дар инъикоси раванди интихоботи парлумонии кишвар муҳайё сохтааст. Ҳамзамон дар назди намояндагони ВАО мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Невинг Рудшэр, Акбаралӣ Сатторов- аъзои КМИР, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Абдуманнон Додозода-роҳбари дастгоҳи КМИР ва Изатулло Маҳмудов-мушовири ҳуқуқии КМИР оид ба нақш ва мақоми ВАО дар инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода, амалисозии барномаҳои махсус доир ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории интихобот, тартиби ба роҳ мондани ташвиқоти барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тавассути ВАО, инчунин тартиби аккредитатсияи намояндагони ВАО, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон сухан карданд. Ҳамзамон дар мизи мудаввар намояндагони ВАО пешниҳодҳо ироа намуданд. Дар фарҷом ба саволу дархостҳои намояндагони ВАО роҳбарият ва масъулини КМИР посухҳои мушаххас дода, намояндагони расонаҳои хабариро ба иштироки фаъолона, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва инъикоси воқеъбинонаи ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода -интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки 1 марти соли 2015 доир мешавад, даъват карданд.

Декабрь 16, 2014 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад