Намояндагии нав дар арафаи Соли нав

Декабрь 23, 2014 11:35

Душанбе,  23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи  Шодмон).- Дар  арафаи  Соли нав  дар  кӯчаи  ба номи Адҳамови шаҳри  Душанбе  намояндагии  нави  Бонки «Эсхата» кушода шуд. 
Тавре  ки   аз  хадамоти  матбуоти Бонки  «Эсхата» ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, то  имрӯз  дар  пойтахт ду  намояндагӣ  ва  8  маркази  хидматрасонии  бонкӣ  фаъолият  доранд. 
Ба  гуфтаи  манбаъ,  акнун  муштариён  метавонанд дар  дохили  дафтари  бонки  мазкур ҳисоби депозитӣ  кушода, маблағро  интиқол  диҳанд  ва аз  хидмати  хазинаи он бархӯрдор  шаванд.
Қобили  зикр  аст, ки  имрӯз Бонки  «Эсхата»  дар  шаҳру  ноҳияҳои шимолу  ҷануби  кишвар 23  намояндагӣ, 110  маркази  хидматрасонии бонкӣ ва  беш  аз  400 нуқтаҳои   интиқоли  маблағро  дорад.

Декабрь 23, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад