Назорати муомилоти маводи нашъаовар ва роҳҳои пешгирии он

Декабрь 19, 2014 09:52

Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти роҳбарии директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода 16 декабри соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба шаҳрҳои Қазон, Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия раҳсипор шуд. Мақсади сафар — ташкили ҳамкорӣ оид ба бастани роҳи қочоқи маводи нашъаовар аз ҶТ ба ФР, мубодилаи иттилооти фаврӣ, коркарди муштараки гурӯҳҳои ҷиноятпеша, инчунин мубодилаи таҷриба ва гузаронидани корҳои пешгирикунанда мебошад.
Бояд гуфт, ки вохӯрии нахустин 16 декабр дар шаҳри Қазон баргузор гардид, ки дар он Р. Назарзода бо сардори Раёсати Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тотористон, генерал-лейтенанти политсия Шабаев Фаяз Баянович, бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тотористон Шафигулин Айрат Радинович оид ба ҳамкории дуҷониба изҳори назар намуданд.  Дар ин рӯз ҳайати агентӣ дар Қасри дӯстии халқҳои шаҳри Қазон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар Тотористон ва донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Қазон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд. 
18 декабр дар шаҳри Маскав вохӯрии директори агентӣ бо директори Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, инчунин роҳбарони ҷузъу томҳои Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳру вилояти Маскав баргузор гардид.
19 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия вохӯрии ҳайати агентӣ бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон, Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии шаҳри Маскав таҳсил менамоянд, баргузор мешавад.

Декабрь 19, 2014 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад