Нозирон роҳҳои ВМКБ — ро тафтиш мекунанд

Декабрь 30, 2014 13:43

Хоруғ,  30.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Файзи  Мирҳасан).-  Кормандони Бозрасии  давлатии автомобилӣ  дар  мубориза  бо  вайронкунандагони  қоидаҳои  ҳаракат  дар  роҳ  саъю  кӯшиш  намуда,  бо  иштироки   нозирон раёсати  ҷумҳуриявӣ  вазъи  роҳҳои  мошингардро тафтиш  мекунанд. 
«Имрӯзҳо кормандони Бозрасии давлатии  автомобилӣ на  фақат  роҳҳои  шаҳр,  балки роҳҳои  ҳамаи  ноҳияҳои  вилоятро  таҳти  назорат  гирифтаанд. Мақсад  аз  тафтиши  вазъи  роҳҳо  риояи   беҳтари  қоидаҳои  ҳаракат   дар  роҳ,  ҷилавгирии  бидуни  ҳуҷҷатҳои  зарурӣ идора  кардани  мошинҳо, сиёҳ  намудани  шишаҳои  нақлиёти  автомобилӣ  ва  қонуншиканиҳои  дигар  мебошад», —   зикр  намуд  корманди  раёсати Бозрасии  давлатии  автомобили  ВКД ҷумҳурӣ  подполковник  Амирхон  Ҳасанов.
Ба  гуфтаи  номбурда, вақтҳои охир 531 ҳодисаи  қонуншиканӣ  ба  қайд  гирифта шуд. Мувофиқи  маълумоти  маркази  иттилоотии  Раёсати Вазорати  корҳои  дохилии  вилоят  соли  ҷорӣ  дар  ҳудуди  вилоят 38  садамаи  нақлиётӣ  рух дода,  бар  асари онҳо  21  кас  ҳалок  гардида,  83  нафар  захмҳои гуногуни  ҷисмонӣ  бардоштаанд.

Декабрь 30, 2014 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад