Пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар Восеъ

Декабрь 17, 2014 12:15

  Восеъ, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Масъулини  қисми  мустақили 41-уми ҳарбикунонидашудаи  Хадамоти давлатии оташнишонии  ноҳияи Восеъ  дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ корҳои назаррасро анҷом доданд. Ба қавли  сардори  хадамот Ҳоким Назаров  дар ин муддат дар ноҳия 20  ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он 58 ҳазору 250  сомониро   ташкил медиҳад. Кормандони қисм ҳолати бехатарии зиддисӯхтории 714 иншоотро  пурра ва 380  иншоотро такрорӣ  санҷида, фаъолияти 433 нуқтаи барқӣ  ва 463  печро, ки хавфи сар задани сӯхторро дошт, мувақатан манъ  намуданд. Дар ин муддат  дар ноҳия 52  санҷиши муштарак  гузаронида шуда, нисбат ба 469  нафар  вайронкунандаи  қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторӣ санади маъмурӣ  тартиб дода шуд ва онҳо  47 ҳазору 250   сомонӣ  ҷарима шуданд. 
 
 

Декабрь 17, 2014 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад