Пешниҳодҳои муфид ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти бонкӣ

Декабрь 17, 2014 11:01

Душанбе, 17.12.2014.(АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Бобати иҷрои супоришҳои  раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мақсади дар маҳалҳо дида баромадани вазъи корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бо аҳолӣ, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ, хизматрасонии дастрас ва саривақтии кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ, гурӯҳи корӣ  аз 8 то 12- уми декабри соли равон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар шуд. Дар ҷараёни сафари корӣ дар ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мутасаддиёни таъйиноти нафақа, нафақагирон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун суҳбатҳои ошкоро ва муфид баргузор шуданд. 
Дар баробари таклифу пешниҳодҳои муфид оид ба ҷоннок намудани фаъолият дар самти пешниҳоди қарзҳо, муҳлат ва фоизҳои он, хизматрасонӣ бо кортҳои пардохтии бонкӣ вобаста ба таъмини пост-терминалу банкоматҳо, фаъол намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ баён намуда, масъалаи маблағҳои пасандозҳои солҳои пешин, ки дар суратҳисобҳои махсус ҷойгиранд, аз ҷониби шаҳрвандон қариб дар ҳама вохӯриҳо мавриди пурсиш қарор дода шуданд.
Гурӯҳи корӣ чанде пеш аз навоҳии минтақаи Қурғонтеппа дидан намуд, ки пас аз ин вохӯриҳо мушкилиҳо баратараф шуда, пешравиҳо мушоҳида мешаванд. 

Декабрь 17, 2014 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад