Рӯнамоии китоби Худоназар Асозода

Декабрь 23, 2014 14:51

Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби устоди зиндаёд, профессор Худоназар Асозода бо номи “Таърихи адабиёти тоҷик” баргузор гардид.  Дар маҳфил директори Китобхонаи милии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, Раҳматулло Мирбобоев муовини  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҳамид Самадов муовини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Носирҷон Салимов  ва ҳамкасбону дӯстон оид ба ҳаёту эҷодиёти Худойназар Асозода ва роҷеъ ба китоби мазкур андешаҳояшонро иброз намуданд. Китоби “Таърихи адабиёти тоҷик” 113 соли фарҳангиву илмии адабиёти миллати тоҷикро дар бар гирифта, аз панҷ фаслу 672 саҳифа иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки китоби мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст.
 
 
 
 
 

Декабрь 23, 2014 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад