Рушди ҳамкориҳои ДМИТ бо ХБА

Декабрь 11, 2014 13:58

Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов  дар ҳузури устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дар мавзӯи «Дурнамои рушди иқтисодиёти минтақавии Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон» сухан кард. 
Ба иттилои  сухангӯи донишкадаи мазкур Машҳура Абдуллоева дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров иброз дошт, ки ДМИТ бо ХБА дар ҳамкории зич қарор дорад ва ин вохӯрии дувуми намояндагони ин ташкилоти бонуфуз бо устодону донишҷӯён аст.   Айдин Билолов  оид ба дурнамои рушди иқтисодиёти минтақавии Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ҳолати муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, вазъи иқтисодии мамлакатҳои содироткунанда ва воридоткунанда, паст шудани қурби рубли русӣ ва таъсири он ба мамлакатҳои шарики рушд, аз ҷумла Тоҷикистонро ба таври мушаххас мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. 
Дар охир доир ба масоили баррасишуда дар байни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ба ХБА 188 давлат аъзо аст ва дар Тоҷикистон аз соли 1995 инҷониб намояндагии доимии ХБА амал мекунад. Фаъолияти асосии ХБА аз мушоҳида (мониторинг ва баҳогузории сиёсати иқтисодӣ ва молиявии кишварҳои аъзо), ёрии техникӣ ва молиявӣ иборат аст.

Декабрь 11, 2014 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад