Сӯҳбати сафири Тоҷикистон бо Президенти Бошқирдистон

Декабрь 4, 2014 15:34

Душанбе,  04.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Чанде  пеш  дар  шаҳри  Уфа мулоқоти   сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Имомуддин  Сатторов бо Президенти  Ҷумҳурии  Бошқирдистон  Рустам  Ҳамитов  баргузор  гардид. 
Тавре  ки   намояндаи  расмии  сафорати  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Муҳаммад  Эгамзод ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод,   зимни  мулоқот  масоили  рушду таҳкими  ҳамкории байни ҷумҳуриҳои  Тоҷикистону  Бошқирдистон  дар  бахшҳои  мухталиф,   аз  ҷумла   дар  соҳаи   муносибатҳои   тиҷоратию  иқтисодӣ,  кишоварзӣ, ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ворид  намудани  маҳсулоти  нафт,  ҳамчунин  танзими ҷараёни  муҳоҷирати  меҳнатӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. 
Президент Рустам  Ҳамитов сафири  ҶТ  дар  Федератсияи  Русияро  хайрамақдам  гуфта,   қайд  намуд, ки Бошқирдистон  ба  рушди равобит  бо  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  хусусан  дар   бахши   муносибатҳои  мутақобилан  муфиди  тиҷоратию  иқтисодӣ  ва фарҳангию  гуманитарӣ,  табодули  иттилоот  аз  рӯи  масоили  танзими   равандҳои  муҳоҷирати  меҳнатӣ аҳамияти  хоса  медиҳад.
Сафири  Тоҷикистон  дар  ФР  Имомуддин  Сатторов дар  навбати  худ ба Президент  ва  Ҳукумати  Бошқирдистон  барои пуштибонии  фаъолияти  консулгарии  генералии  ҶТ  дар  шаҳри  Уфа  изҳори  сипос  карда,  консули   нави  генералӣ Олимхон  Шамсовро  муаррифӣ  намуд.
Сафир  изҳор  дошт, ки Тоҷикистон  барои  рушди  ҳамкорӣ  бо Бошқирдистон  дар   бахшҳои   кишоварзию  сайёҳӣ   имкониятҳои  зиёде дорад.

Декабрь 4, 2014 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад