Шумораи корталабон 6 фоиз зиёд шуд

Декабрь 23, 2014 11:07

Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар охири моҳи октябри соли 2014 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 84,7 ҳазор нафар корталаб дар қайд буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 -6,0 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи сентябри соли 2014 -0,1 фоиз кам шудааст. 
Дар моҳи октябри соли 2014 -4,3 ҳазор барои таъмини кор ба агентӣ муроҷиат намуда, аз ҷониби кормандони агентӣ ба қайд гирифта шуд, аз ин шумора 1,8 ҳазор бекор бо кор таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 фоиз кам шудааст. 
Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхона ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи октябри соли 2014 пешниҳод кардааст,  нисбат ба  ҳамин давраи соли 2013 -3,0 фоиз кам шуда, 11, 7 ҳазор ҷойро ташкил дод. Нисбат ба моҳи сентябри соли 2014 шумораи ҷойҳои холи кори муроҷиаткардашуда 0,3 фоиз кам шудааст. Сарборӣ ба як ҷои кории арзшуда 7,2 нафарро ташкил дод. 
 

Декабрь 23, 2014 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад