Шумораи корталабон 6 фоиз зиёд шуд
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар охири моҳи октябри соли 2014 дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 84,7 ҳазор нафар корталаб дар қайд буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 -6,0 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи сентябри соли 2014 -0,1 фоиз кам шудааст.
Дар моҳи октябри соли 2014 -4,3 ҳазор барои таъмини кор ба агентӣ муроҷиат намуда, аз ҷониби кормандони агентӣ ба қайд гирифта шуд, аз ин шумора 1,8 ҳазор бекор бо кор таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 фоиз кам шудааст.
Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхона ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи октябри соли 2014 пешниҳод кардааст, нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 -3,0 фоиз кам шуда, 11, 7 ҳазор ҷойро ташкил дод. Нисбат ба моҳи сентябри соли 2014 шумораи ҷойҳои холи кори муроҷиаткардашуда 0,3 фоиз кам шудааст. Сарборӣ ба як ҷои кории арзшуда 7,2 нафарро ташкил дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






