Тақвияти ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишоварзон
Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ мулоқоти вазир Қосим Роҳбар бо сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич баргузор гардид.
Баъд аз пазироӣ ва табрики сафир бо ин таъйинот, вазир аз вазъи кунунии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, муносибот бо кишварҳои ҳамкор барои рушд ва хусусан Иттиҳоди Аврупо сухан ронда, аз муваффақиятҳои бадастомада ва мушкилоти мавҷуда ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ҳайати Созмони Ҷаҳонии Савдо ворид гардида, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмилалӣ қонуну санадҳои ҳуқуқиву меъёрии худро ба талаботи ин ташкилоти бонуфуз мутобиқ мегардонад. Ҳамзамон вазир таъкид намуд, ки соли 2012 дар якҷоягӣ бо тамоми намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмиллалии дар қаламрави Тоҷикистон амалкунанда «Барномаи ислоҳоти соҳаи аграрии ҶТ барои солҳои 2012-2020» таҳия ва қабул гардид, ки дар татбиқи он барои се соли аввал панҷ самти афзалиятнок муайян гардидааст.
Сафир пешниҳодҳои вазоратро ба талаботи Иттиҳоди Аврупо мутобиқ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки барои солҳои минбаъда то соли 2020 нақшаи маблағгузории ин иттиҳод ба Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, аз тариқи грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои соли оянда дар ҳаҷми 51 млн. евро ва соли 2016 45 млн. евро ба соҳаи аграрӣ интиқол хоҳад ёфт.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






