Таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо шиносномаҳои хориҷии биометрӣ

Декабрь 10, 2014 15:25

Душанбе, 10.12.2014 (АМИТ «Ховар»).-17 ноябр то 1 декабри соли 2014 тибқи пешниҳод ва роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ барои иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини саривақтии муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо шиносномаҳои нави хориҷии биометрии дорои маълумоти электронӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва анҷом додани вохӯриҳо бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистони муқими шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Уфа ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати хизматрасонии консулии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садбарг Ғаниева ба Федератсияи Русия сафари хизматӣ анҷом дод.
Зимни сафар дар якҷоягӣ бо сардори Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия А.Гулов, консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа О. Шамсов, Екатеринбург С. Сафаров ва намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Новосибирск бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷик, фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Рязан, Смоленск, Владимир, Иваново, Твер, Чита, Иркутск, Челябинск, Ҷумҳуриҳои Бошқирдистон, Тотористон, Удмуртия, Чувашия, вилоятҳои Перм, Уляновск, Кемерово, Новокузнетск, Томск, Омск, Барнаул ва дигарон вохӯриҳо гузаронида шуда, роҷеъ ба тамоми масъалаҳои ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои консулӣ ва дар мавриди навовариҳо дар қонунгузории Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки шурӯъ аз 1-уми январи соли 2015 мавриди татбиқ қарор мегиранд, маслиҳатҳои муфид дода шуданд. Дар вохӯриҳо нархномаи шиносномаи хориҷӣ мутобиқи қимати таъйиншуда ва судури шиносномаи хориҷӣ мустақиман бидуни иштироки миёнаравон таъкид гардид.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз нуқтаҳои маълумотҷамъкунӣ барои шиносномаҳои хориҷӣ дар Хадамоти консулии Сафорат, консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Уфа ва Екатеринбург, инчунин нуқтаҳои иловагӣ дар шаҳрҳои Краснодар, Санкт-Петербург ва Новосибирск амал доранд. Барои ҷамъ намудани аризаҳои шаҳрвандон ҷиҳати гирифтани шиносномаи хориҷӣ дар назди Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ва Уфа гурӯҳҳои мобилӣ ташкил  шудаанд, ки дар ҳолати зарурӣ ба ҷойҳои сукунати шумораи зиёди шаҳрвандон сафар менамоянд. То имрӯз ин гурӯҳҳои мобилӣ ба шаҳрҳои Ярославл, Твер, Иваново, Чита, Иркутск, Челябинск, Нижний Новгород, Самара, Тюмен, Сургут, Красноярск ва Хабаровск сафар намуда,  маълумоти шаҳрвандонро барои тайёр намудани шиносномаи хориҷии биометрӣ ҷамъ намуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар сурати пайдо шудани пешниҳоду саволҳо, эроду нофаҳмиҳо оид ба тартиб ва ҷараёни таъмини шиносномаҳои биометрӣ дар хориҷи кишвар, онҳо метавонанд дар бораи масъалаҳои ҷойдошта ба почтаи электронии ВКХ ҶТ consulardep@mfa.tj муроҷиат намоянд.

Декабрь 10, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад