Вохӯрӣ бо роҳбарияти донишгоҳи Перуҷи

Декабрь 5, 2014 12:29

Душанбе,  05.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи  Шодмон ).-  Раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ Шариф  Саид дар  ҷараёни   сафари  кориаш  ба  шаҳри Перуҷии  Италиё  бо  ректори Донишгоҳи  хориҷиёни  шаҳр профессор Дотт  Фоколари   мулоқот  анҷом дод. 
Тавре  ки  аз  маркази  матбуоти  ПСС  ҷумҳурӣ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  донишгоҳи шаҳри  Перуҷи  яке  аз  марказҳои  калонтарини  маорифи   Италиё  ба шумор рафта, донишҷӯёни  дохилию  хориҷиро  барои таҳсил  қабул  мекунад.
Шариф  Саид дар  ҷараёни  мулоқот  перомуни   рушди   низоми  таҳсилоти  олии  Тоҷикистон  ва  дастовардҳои   бахши  тарбияи   кадрҳои  ҷавон  барои  иқтисодиёти  кишвар  мутобиқи  стандартҳои  байналмилалӣ  нақл  кард.
«Ҳар  сол   дар  Тоҷикистон  бо  иштироки донишкадаҳои  маъруфи  олии Англия,  Олмон, Фаронса,  Туркия,  Аморати Муттаҳидаи  Араб ва Малайзия ярмаркаҳои  маърифатӣ доир  мегарданд, ки  хатмкунандагони мактабҳои  миёна,  литсейҳо  ва донишҷӯёни  донишкадаҳои олии  Тоҷикистон метавонанд дар онҳо  барои идомаи таҳсил донишгоҳи  ин  кишварҳоро  интихоб  намоянд», —  зикр  намуд  Шариф  Саид.
Роҳбари  ПСС  ҶТ ба  роҳбарияти  донишгоҳ  пешниҳод  намуд, ки  масъалаи  иштирок   дар  чунин ярмаркаҳои  маърифатиро, ки дар  Тоҷикистон   доир  мешаванд, баррасӣ   намояд. 

Декабрь 5, 2014 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст