Вокуниши Раёсати Маркази исломӣ нисбати ҳамлаи террористии Пешовар

Декабрь 18, 2014 16:36

   Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи гурӯҳи терорристонро ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри Пешовари Покистон, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ, ки беш аз 150 талабангонро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва қатли бераҳмонаи 150 нафар заннонро, ки  аз ҷониби ин гурӯҳҳои терорристӣ анҷом гирифтааст, шадидан маҳкум карда, ин амалҳоро ваҳшиёна ва ғайриинсонию ғайри исломӣ медонад.   Анҷоми ин гуна амалҳои ваҳшиёна, ки боиси  қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва махсусан занону кӯдакон мегардад, ягон иртибот ба дини мубини Исломи асил надошта баракс Ислом он касонеро, ки даст ба ҷинояти сангин, яъне қатл ва куштор мезананд, такфир намудааст. Чуноне, ки Расули Акрам (с) фармудаанд: “Худованд ба касоне, ки раҳм ба мардум надорад, раҳм намекунад” (Бухорӣ).
     Аз дидгоҳи шариати муқаддаси Ислом на танҳо резондани хуни мусалмон ҳаром аст, балки резонидани обрӯи шахси мусалмон низ ҷурми сангин аст. Хусусан ба қатл расонидани кудакон ҷинояти нобахшиданӣ маҳсуб мегардад. Зеро Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Ҳар навзод бо имони фитрӣ таваллуд шудааст”. Агар мо ба таърихи садри Ислом назар андозем, мебинем, ки мусалмонҳо баъд аз он ки душманон ба сарзамини онҳо лашкаркашӣ карданд, дар натиҷа мағлуб мегардиданд ва мусалмонҳо онҳоро муҳосира мекарданд, аз куштани кудакон, занон ва беморон ва пиронсолон худдорӣ мекарданд.
      Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баъзе гурӯҳҳое, ки барои пиёда кардани аҳдофи ғаразноки худ дар замони муосир аз таълимоти дини муқаддаси Ислом суистифода мекунанд ва Исломи нобро ба сиёсат олуда мекунанд, даъват менамояд, ки аз ин амалҳо ва аҳдофи нопоки худ, ки  боиси коста шудани обрӯи мусулмонон дар арсаи ҷаҳон мегардад, даст кашанд.
     Раёсати Маркази исломӣ дар охир бори дигар ин амали ваҳшиёнаро шадидан маҳкум карда, ба падару модар ва наздикони қурбониёни ин ҳамлаи ноҷавонмардонаи террористон арзи тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил ва аҷри азим хоҳонаст.
 
Раёсати Маркази исломии ҶТ
 
 

Декабрь 18, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад