Қайроққум: вусъати маъракаи “100 рӯзи ниҳолшинонӣ”

Январь 31, 2015 10:36

  Қайроққум, 31.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бо иқдоми раиси шаҳри Қайроққум дар ҳудуди марказ ва шаҳракҳои тобеи шаҳр маъракаи ободкорӣ ва дар ин замина ниҳолшинонӣ дар доираи «Амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ» рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо мекунад. 
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳри Қайроққум  иттилоъ доданд, тибқи дастури раиси шаҳр Матлуба Сатториён ва инчунин бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳри фароғатии соҳили «Баҳри Тоҷик», ҷойҳои фароғативу истироҳатии шаҳрвандон, кӯчаву гулгашту боғҳо дар миқёси шаҳри Қайроққум ва шаҳракҳои тобеи он дар раванди баргузории шанбегиҳо, инчунин маъракаи ниҳолшинонӣ низ ҷараён дорад. 
Тибқи маълумоти манбаъ, то имрӯз  аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои шаҳр, аз ҷумла — ҶДММ Осоишгоҳи «Баҳористон», КДФ «Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ»-и шаҳр, гимназияи ба номи Б.Ғафуров зиёда аз 3000 бех ниҳоли гуногуни ҳамешасабзу сояафкан шинонида шудааст.

Январь 31, 2015 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид