Қатли хоҳар бо дасти бародар
Хуҷанд, 13.01.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд М.Юсупов иттилоъ дод, 11 январи соли ҷорӣ тахминан соати 16:00 дақиқа, сокини шаҳри Чкаловск, шаҳраки Палос, муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд Мурод Юлдошев, с/т 1990, дар хонаи истиқоматиаш дар пайи муноқишаи хонаводагӣ хоҳари 34- солаи худ Дилафрӯзро бо задани 11 зарби корд ба қатл расондааст. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба айбдоршаванда бо моддаи 104-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Бояд гуфт, ки дар моҳи равон ин чаҳорумин ҳодисаи куштор дар Суғд дар натиҷаи ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ аст. Қабл аз ин дар ҳудуди вилоят ду ҳодиса дар ноҳияи Исфара ва як ҳодиса дар ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шуд. Дар соли сипаригашта дар умум дар шимоли кишвар 33 ҳодисаи куштор сабт шудааст.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






