Ҳадаф аз санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ таъмини иҷрои талаботи қонун аст!

Январь 20, 2015 16:31

(Вокуниш ба мақолаи «Аз гуноҳат гузаштам…», санаи 16.01.2015 сол)
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳикматулло Сайфуллозода мақолае бо номи рамзии «Аз гуноҳат гузаштам…» ба нашр расонид, ки дар он аз санҷидани сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, худро аз ҳама доно, ҳатто аз мутахассисони соҳаи забон низ донотар эълон кардааст. Аз ҷумла ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода қайд кардааст: «Он чи, ки ман медонам, худи имтиҳонгирандагон намедонанд. Аммо бо вуҷуди ин аз мо талаб карданд, ки тарҷумаи ҳолро супорем. Баъдан ҳайати комиссия ин навиштаи маро таҳсин хонданд. Ростӣ, намедонам, ки ҳадаф аз супоридани имтиҳон чӣ буд». 
Ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода! Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба саводу дониши Шумо шакку шубҳае надорад. Чаро Шумо меҳоҳед ба таври оммавӣ ба мардум эълон намоед, ки бисёр донишмандед. Хуб мебуд, агар ба донишу илми Шумо дигарон баҳо медоданд, на худатон. Зеро худро аз дигарон боло донистан ва иброз доштани он ки «Он чи, ки ман медонам худи имтиҳонгирандагон намедонанд» оё кибру ѓурури нозарур нест? 
Ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода! Шумо қайд кардаед, ки «Ростӣ, намедонам, ки ҳадаф аз супоридани имтиҳон чӣ буд». Ба маълумоти Шумо оддӣ карда мерасонем, ки ҳадаф аз ин иқдом муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аст. Талабот оид ба санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд. Мувофиқи муқаррароти моддаи 28 қонуни мазкур номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бояд забони давлатиро донад. Ба назар чунин мерасад, ки мавҷудияти талаботи мазкур барои Шумо ѓайричашмдошт аст. Илова бар ин, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки яке аз вазифаҳои асосии вакили Маҷлиси намояндагон таҳияию қабули қонунҳо ба забони давлатист. Шахсе, ки забони давлатиро намедонад чи гуна қонун эҷод мекунад? Агар ба Шумо воқеан ҳадафи санҷидани сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо нофаҳмо бошад, пас, ба маълумотатон мерасонем, ки ҳадаф танҳо  риоя ва иҷрои талаботи ҚОНУН аст, на чизи дигар.

Январь 20, 2015 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид