Ҳадафи асосии Ҳукумат танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатист

Январь 23, 2015 14:57

Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Танзими масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад»,- таъкид дошт  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 январ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин самт зарур аст, ки ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷират муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар ҳарчи бештар тавсеа бахшида, доир ба масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо ва ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои қабулкунандаи неруи корӣ беш аз пеш тақвият бахшида шавад.
«Илова бар ин, дар бобати аз худ кардани касбу ҳунарҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати такмили масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шавад»,- баён намуд Эмомалӣ Раҳмон.
 
 

Январь 23, 2015 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид