Ҳалокати 13 нафар бар асари ҳодисаҳои фалокатовар дар истеҳсолот

Январь 9, 2015 16:20

Душанбе,  09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- «Нозирони хадамот тайи  соли  2014 дар корхонаҳои  саноатии  кишвар 15  ҳодисаи фалокатоварро ба  қайд  гирифтанд, ки  дар натиҷаи онҳо  13  нафар  ҳалок  гардидааст», —  гуфт  сардори Хадамоти  назорати  давлатии  иҷрои  бехатари корҳо  дар   саноат  ва  назорати  маъдани назди Ҳукумати  ҶТ  Сиҷоуддин Саломзода  дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ, ки имрӯз,  9  январ,  баргузор   гардид.
Сиҷоуддин  Саломзода  зикр  намуд, ки  асосан  ҳодисаҳои   фалокатовар  дар  корхонаҳо  барои  риоя  нашудани қоидаҳои  бехатарии  саноатӣ ва  бепарвоии  худи  кормандон рух  медиҳанд. 
«Аз  рӯи  ҳамаи  ин  ҳодисаҳои фалокатовар таҳлили  махсуси  техникӣ  сурат  гирифта,  барои  таъмини  талаботи  меъёрию  ҳуқуқӣ  ҷиҳати  баланд  бардоштани  сатҳи  бехатарии  саноатӣ  дар  Тоҷикистон  ҳамаи  чораҳои  заруриро  мебинем», —  гуфт  роҳбари  хадамот.
Қобили  зикр  аст, ки   кормандони  хадамот  дар  давраи  ҳисобот  нисбат ба кормандони  масъулиятноки корхонаҳое, ки  қоидаҳои бехатарии  саноатиро  риоя  накардаанд,  чораҳои  маъмурӣ  дида,   онҳо  ба  маблағи  104 ҳазору  640 сомонӣ  ҷарима баста  шудаанд.

Январь 9, 2015 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад