Ҳамгироии таҳсилоти байнифарҳангию байнизабонӣ дар Тоҷикистон

Январь 26, 2015 16:32

Душанбе,  26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно   Нусратуллозода).- Имрӯз,  26  январ,  дар  шаҳри Душанбе  маросими  муаррифии  рисолаи  профессор Саъдуллоҷон  Неъматов «Ҳамгироии таҳсилоти байнифарҳангию байнизабонӣ  дар Тоҷикистон»  баргузор гардид.
Тавре  ки  аз Академияи  таҳсилоти Тоҷикистон хабар  доданд,  дар  рисола  масоили  заминаҳои   омӯзгории  таҳсилоти байнифарҳангию  байнизабонӣ,  проблемаҳои тарҷума  дар  шароити  байнифарҳангӣ.  Ҳамчунин  аҳамияти  забони русӣ  дар   муҳити байнифарҳангию  бисёрзабонӣ инъикос  дода шудаанд.
 Қобили  зикр  аст, ки Саъдуллоҷон  Неъматов  дар   асари  зикршуда   кӯшиш  намудааст, ки  масоили  байнифарҳангию байнизабонӣ  дар Тоҷикистонро  ифшо намояд. Дар  рисола ҳамчунин  самтҳои  афзалиятноки  ташаккули  муҳити байнифарҳангию байнизабонӣ дар  фазои  имрӯзаи  маърифатии ҷумҳурӣ баррасӣ  шудаанд.

Январь 26, 2015 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид