Ҳ.Холмуродов ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд

Январь 21, 2015 11:06

Душанбе,  21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- 20 январ дар  ҷаласаи  якуми Кумитаи иҷроияи Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  бархе қарорҳои  муҳим  қабул  шуданд.
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон хабар  доданд,  дар  ҷаласа  тасмим  гирифта шуд, ки раиси  кулли   клуби  футболи  «Энергетик» — и  пойтахт Ҳотам  Холмуродов аз вазифааш сабукдӯш   намуда,  фаъолияташ  дар  бахши  футбол якумра қатъ  карда шавад. 
Ғайр  аз  ин,  Холмуродов ба  маблағи  40  ҳазор  сомонӣ  ҷарима  баста  шуд. Сабаби  чунин  муҷозот  тартиби  мусобиқоти футбол дар  мавсими  соли  2014 — ро халалдор  сохтани  номбурда  мебошад. Дар  натиҷаи тафтишот  маълум  шуд, ки  Ҳотам  Холмуродов ба футболбозони  клуби  «Энергетик» хилофи  қонун  мукофотпулӣ  додааст.
Дар  ҷаласа   тасмим  гирифта  шуд, ки ҳаҷми  мукофотпулии ғолиби   мусобиқот  барои  дарёфти  Ҷоми  Тоҷикистон  ва Ҷоми Федератсияи  футболи ҷумҳурӣ дар  ҳаҷми 40  ҳазор  сомонӣ  ва дастаи  иштироккунандаи  бозии  ниҳой дар  хаҷми 25  ҳазор  сомонӣ  муқаррар карда  шавад. 
Дар  ҷаласа   пешниҳод  шуд, ки қарори  қаблан  қабулшуда  дар  бораи  манъи иштироки бозингари  37 — сола ва дарвозабони  40 — сола дар  вохӯриҳои  мусобиқоти  байни  дастаҳои   лигаи  якум  ва  мусобиқоти  ҷавонон   лағв  карда  шавад. Аъзои Кумитаи  иҷроия   баъди  муҳокимаи  муфассал  тасмим  гирифтанд, ки  дар  мусобиқоти лигаи  олӣ  ва ҷавонон  меъёри синну  сол ба  назари  эътибор  гирифта  шавад.  Ба  ҳамин  тариқ,  футболбозони  соли  таваллудашон  1978 ва  аз он  зиёдтар ва дарвозабонони  соли таваллудашон  1975 ва аз  он болотар ҳаққи  иштирок  дар  мусобиқоти лигаи  олиро  надоранд.
Ҳамзамон  тасмим гирифта шуд, ки эътибори  ин  банди  тартиби мусобиқот ба  дастаҳои   лигаи  якум  ва  дуюм  дахл  надорад,  яъне дар  мусобиқоти онҳо калонсолон  ҳам  метавонанд  бидуни  маҳдудият  иштирок  намоянд.
Ҷаласаи  ояндаи  Кумитаи  иҷроияи Федератсияи  футболи  Тоҷикистон бояд 7 феврал  баргузор  шавад.
 

Январь 21, 2015 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд