Ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) 3 конфронси илмӣ — амалӣ доир шуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар олим аз кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Ҳамчунин дар 3 маҷмӯаи маводи конфронс 970 мақола ва фишурда чоп шуд.
Соли гузашта дар донишгоҳ 2 Шӯрои диссертасионӣ аз рӯи 5 ихтисос фаъолият намуда, дар ин давра 16 рисолаи илмӣ ( 5 кори номзади илм ва 1 доктори илмӣ) бо мувафақият ҳимоя шуд.
Ҳамасола шумораи таълифоти илмии олимон аз хориҷи кишвар афзуда, дар давоми 3 соли охир дар маҷмӯаи маводи конфронси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 120 фишурда аз муассисаҳои олии Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Украина, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ба нашр расонида шуд.
Солҳои охир нақши ҷавонон дар пешбурди корҳои илмӣ дар донишгоҳ ва берун аз он беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунад. Инчунин масъалаҳои мубрам дар соҳаи тиб диққати олимони ҷавону донишҷӯёни донишгоҳи моро аз ҳарвақта дида бештар ба худ ҷалб менамоянд.
Шумораи маърӯзаҳои илмии конфронси ҷавонон, ки моҳи апрели соли 2014 баргузор гардид, аз 187 маърӯза иборат буда, дар маҷмӯъ маводи ба конфронс пешниҳод гардида 499 фишурдаро ташкил дод.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






