Ҷамъбасти рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

Январь 13, 2015 11:48

Душанбе,  13.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Поркизаи  Шодмон).- 12  январ   дар Вазорати   рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ ҷаласа  аз  рӯи  ҷамъбасти  фаъолияти  вазорат  тайи  соли  2014  баргузор гардида,  дар  он  вазифаҳо барои нимаи  аввали  соли  ҷорӣ  муайян  карда  шуданд.
Тавре  ки аз вазорати  мазкур ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, вазири   рушди  иқтисод  ва  савдои  кишвар  Шариф  Раҳимзода  ва  муовини  аввали  вазир  Неъматулло  Ҳикматуллозода ба  ҳозирон  дар  бораи ҷамъбасти  фаъолияти  вазорат  тайи  соли 2014  гузориш  доданд. 
Дар  ҷаласа ҳамчунин  роҳбарони сохторҳои  зертобеи  вазорат ва    минтақаҳои  озоди  иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» ҳисобот  доданд.
Дар  анҷоми ҷаласа аз рӯи  ҳамаи  масоили баррасишуда  қарорҳои  дахлдор  қабул  шуданд. 
 

Январь 13, 2015 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст