Ҷашнвораи «Интерпол»
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Дафтари марказии миллии «Интерпол» — и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 — солагии рӯзи таъсисашро таҷлил мекунад.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки фаъолияти Дафтари марказии миллии «Интерпол» тайи ду соли охир самарабахштар гардид.
Имрӯзҳо «Интерпол» шароити мусоид дошта, бо таҷҳизоти муосир таъмин аст. Бо дастгирии Сарвари давлат ва роҳбарияти ВКД «Интерпол» бо мошини хидматӣ таъмин гардида, ду нафар корманди он соҳиби хона шуд.
Дар ин муддат 2 ҳазору 500 нафар шахсоне, ки дар қайди ҷустуҷӯ қарор доранд, дастгир шуда ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Маркази миллии «Интерпол» — и ВКД ҶТ бо ҳамаи ҳамтоёни хориҷии кишварҳои узви ин созмон ҳамкорӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки «Интерпол» созмони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ буда, бо тасмими Конгреси байналмилалии пулис соли 1923 дар шаҳри Вена таъсис ёфта буд.
Дафтари миллии марказии «Интерпол» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 73 — юми Ассамблеяи генералӣ, ки 5 октябри соли 2004 дар шаҳри Канкуни Мексика баргузор гардид, узви ин созмон гардид.
Ёдовар мешавем, ки созмони мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2005 «Дар бораи таъсиси Дафтари миллии маркази «Интерпол» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ» таъсис ёфт.
Кормандони дафтари мазкур барои иҷрои поквиҷдононаи вазифаҳояшон, ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашн бо медали «10 — солагии Дафтари миллии марказии «Интерпол» — и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






