122 ҳолати таъйин ва бозҳисобии нодурусти нафақа

Январь 12, 2015 16:14

 
Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Зимни санҷиши фаъолияти раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳру ноҳияҳо 122 ҳолати нодуруст таъйин ва бозҳисобӣ гардидани нафақаҳо ва 13 ҳолати нодуруст пардохт гардидани кумакпулӣ барои дафн ошкор шуд, ки маблағи аз ҳисоби нодуруст таъин ва бозҳисобӣ гардидани нафақаҳои зиёдпардохтшуда 165 ҳазору 837 сомонӣ ва аз ҳисоби кумакпулӣ барои дафн 10 ҳазору 400 сомониро ташкил менамояд,- гуфт Назокат Одинаева, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотӣ. 
Маблағҳои барзиёд пардохтшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ  ба суратҳисоби агентӣ бозпас гардонида шуда истодаанд. 
«Илова бар ин, зимни санҷишҳои гузаронидашуда барои таъмини пардохти нафақаҳои имтиёзнок, ки тибқи қонунгузории соҳа бояд то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ аз ҳисоби маблағҳои корхона пардохт шаванд, 1284981, 17 сомонӣ маблағи қарз ба суратҳисоби агентӣ ворид шуд»,-афзуд  Н.Одинаева.
 

Январь 12, 2015 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад