2090 эрод ба «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

Январь 19, 2015 14:49

 
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Маблағи умумии дар соли 2014 ба ҳисоби буҷети давлатии ҶТ гузарондаи ҶСК «Фурудгоҳи  байналмилалии Душанбе»  71,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар соли сипаригашта фурудгоҳ ба 1,3 млн мусофир хизмат расонид. Ин нуктаро имрӯз, 19 январ директори генералии  «Фурудгоҳи байналмилаии Душанбе» Рустам Холиқов ироа намуд.
Ба гуфтаи Р.Холиқов аслан сари вақт наомадан, осеб дидан ва ё гум шудани бағоҷ аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯзанд. Дар соли 2014 вобаста ба ин масоил 2090 эрод ворид шуд, ки сари вақт қонеъ гардонида шуданд. 
«Дар давраи ҳисоботӣ 1032 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд. Сабабҳои асосии мавқуф гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе ин-дер омадани ҳавопаймо  аз фурудгоҳи парвоз -655 ҳодиса, номусоидии  обу ҳаво-130 ҳодиса,  носозии техникаи авиатсионӣ-55 ҳодиса мебошад»,- гуфт директори генералӣ.
 

Январь 19, 2015 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид