265 ҷинояткорӣ дар бахши истифодаи замин

Январь 27, 2015 11:51

Душанбе,  27.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- «Соли  2014 Агентии  назорати  давлатии  молиявӣ ва  мубориза бо  коррупсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  ҷараёни  санҷишу тафтишоти  пешакӣ 265  ҷинояткории  дорои  хусусияти  коррупсионӣ  дар  бахши  истифодаи  замин, хариду  фурӯши  ғайриқонунии  он, истифодаи  ғайриқонунии   замин  ва ғайраро  фош  намуд», —  гуфт  директори агентии  мазкур  Абдуфаттоҳи  Ғоиб  дар  нишасти матбуотӣ, ки  26  январ дар  шаҳри  Душанбе  баргузор  шуд. 
Ба  гуфтаи Абдуфаттоҳи  Ғоиб,  аз ҷумлаи шумораи  умумии  ҷинояткориҳои марбут  ба  тақсими  замин  91 ҷиноят дар  вилояти  Хатлон,  66  ҷиноят дар  вилояти  Суғд, 26  ҷиноят  дар  шаҳри  Душанбе  ва  3 ҷиноят  дар  ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ  ошкор  гардид.
«Дар  қиёс бо  ин соли 2013 дар  вилояти  Хатлон 450 ҷинояткорӣ, дар  вилояти  Суғд  26  ва  дар  шаҳри  Душанбе  20  ҳодисаҳои  ҷинояткорӣ  ошкор  шуданд. Мо  бо  дарназардошти ин  проблема иттилооти  муфассалро  ба Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ирсол  медорем», — гуфт  Абдуфаттоҳи  Ғоиб. 

Январь 27, 2015 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид