8 720 сомонӣ ҷаримаи муҳоҷирони хориҷӣ

Январь 9, 2015 15:16

  Душанбе, 09.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Яке аз масъалаҳои мубраме, ки  8 январ дар ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дошт, ин робитаҳои байналмилалӣ байни корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо ширкатҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Ба гуфтаи масъулин  сохтмони иншоотҳои хурду калон сол то сол зиёд гардида, ҷойҳои нави корӣ бо назардошти ҷалби  муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ва шаҳрвандони кишварамон таъсис дода мешаванд.  
Дар соли ҷорӣ ба 6736 (соли 2013-5895) нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 841 нафар зиёд мебошад.  
Шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозат барои кор мебошанд, асосан  дар саноат-1444 нафар, сохтмон-2132, соҳаи савдо-479, хоҷагии манзилию коммуналӣ-192, тандурустӣ ва варзиш-191 нафар, нақлиёт-42,  алоқа-109, хочагии кишлок-41, маориф -76, геология-274, дигар соҳаҳои истеҳсолот-1415, дигар соҳаҳо 341 нафар, ки онҳо намояндагони 61 давлати хориҷи дуру наздик мебошанд,  фаъолияти меҳнатӣ  менамоянд.
           Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон  дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти «Нелегал 2014» гузарониданд. 
           Масъулини  Хадамоти муҳоҷират дар ин санҷишҳо нисбат ба 15 нафар шахрванди хориҷӣ  протокол тартиб дода, ба маблағи 8720  сомонӣ  ҷарима ситонида шуд.  
 
 
 

Январь 9, 2015 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад