887 аризаи довталабон барои интихоби 6 ихтисос

Январь 29, 2015 08:00

Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- «Бо мақсади ҷалби бештари хатмкунандагони мактабҳои ҷумҳурӣ ба филиал дар соли 2014 тадбирҳои зарурии услуби интихоби касбӣ андешида шуданд. Филиал Литсейи худро дорад, ки дар он мақсаднок тайёр намудани довталабони эҳтимолии филиал ба роҳ монда шуда, дар давоми сол дар филиал инчунин шуъбаи тайёрӣ низ амал намуд»,-гуфт Абдулҳамид Нозимов, ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов имрӯз, 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
 Гуфта мешавад, ки чораҳои андешидашуда миқдори довталабони филиалро афзун намуд. Ба комиссияи қабули филиал 887 аризаи довталабон ба 119 ҷойи буҷавӣ ва 59 ҷойи шартномавӣ аз рӯи 6 ихтисос ворид гардид. Пас аз супурдани имтиҳонҳо ба филиал 178 нафар донишҷӯ қабул гардид.
Нишондиҳандаи сатҳи баланди омодагии хатмкунандагон он аст, ки 19 нафар ё ин ки 40 — фоизи хатмкунандагони соли 2014 таҳсили худро дар зинаи дуюми таълим — яъне магистратура идома дод. Аз ин миқдор 9 нафар берун аз Тоҷикистон таҳсил менамояд: (Дар ДДМ — 3 нафар, мактаби олии иқтисод дар Маскав  — 2 нафар, Италия — 1 нафар, Қазоқистон — 1 нафар). Даҳ нафар аз хатмкунандагони филиал ба магистратураи пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Январь 29, 2015 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад