Афзоиши сармояи хориҷӣ

Январь 27, 2015 14:47

Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2014 нисбат ба соли 2013-ум 212,2 миллион доллари ИМА зиёд гаштааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим иттилоъ дод. 
Вай илова намуд, ки аз ҷумла сармоягузории мустақим 78,7 миллион доллари амрикоӣ, дигар намуди сармоягузориҳо 132,7 миллион доллари амрикоӣ ва сармоягузории портфелӣ 816,8  ҳазор доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст. 
«Сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок — 135 млн. доллари ИМА, энергетика — 60 млн. доллари ИМА, алоқа — 34,5 млн. доллари ИМА, сохтмон — 22 млн. доллари ИМА, хизматрасонии молиявӣ — 21 млн. доллари ИМА, саноат — 4,6 млн. доллари ИМА, саноати сохтмонӣ — 4 млн. доллари ИМА, саноати хӯрокӣ — 3 млн. доллари ИМА, кишоварзӣ — 2,4 млн. доллари ИМА, савдо 2 млн. доллари ИМА ва дигар соҳаҳо 1 млн. доллари ИМА равона гаштааст», — зикр намуд Қ.Қосим.
 
 
 
 

Январь 27, 2015 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид