«АксесБонк Тоҷикистон»: анҷоми муваффақи соли 2014
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» натиҷаҳои соли 2014-ро ҷамъбаст кард, ки ин барои бонк соли аз ҳама бобарор ва натиҷабахш дар давраи 5 соли фаъолияти амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ин бора раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» Катарина Шахтнер иттилоъ додааст.
Дар бораи комёбиҳои асосии бонк мавсуф чунин гуфт: «Дар соли ҷорӣ мо дороиҳои худро як андоза зиёд намудем, даромади баланд ба даст овардем ва саҳми худро дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат бо самар гузоштем ва гузошта истодаем. Ба шарофати меҳнати моҳирона ва стратегияи рақобатпазир, мо мавқеи худро дар бозори молиявии Тоҷикистон мустаҳкам намудем, дар минтақаҳо шумораи филиалҳои худро афзудем, мизоҷони зиёдро ҷалб карда дастрасиро ба хизматрасониҳои манфиатнок ва маҳсулотҳои пуршаффофи бонкӣ беҳтар намудем.
Гуфтан ба маврид аст, ки сандуқи қарзии «АксесБонк Тоҷикистон» ба 53 миллион доллари ИМА расид, дороиҳои бонк беш аз 62 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Аз аввали фаъолияти худ то ба имрӯз мо қариб 34,000 қарз додем. Сандуқи депозитӣ дар соли 2014 хеле хуб инкишоф ёфт ва 2,5 баробар то ба 4 миллион доллари ИМА афзуд. Шумораи кормандони бонк чоряк афзуд ва ба 441 нафар мутахассиси касбӣ расид. Ин нишондиҳандаҳои баланд дар бораи устуворӣ ва эътимодияти бонки мо шаҳодат медиҳанд, ки маҳсули ҳурмату эҳтиром ва боварии мизоҷони мо мебошад. Мехоҳам ба дастаи касбии бонк барои якдилӣ, натиҷаҳои баланд, ягонагӣ ва бо муваффақият амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳим баҳри некуаҳволии сокинони мамлакат изҳори миннатдорӣ намоям. Соли 2015 барои «АксесБонк Тоҷикистон» соли ҷашнӣ мебошад. 7-уми апрели соли 2015 бонки мо 5 сола мешавад ва дар пеш чорабиниҳои гуногуни шавқовар ба нақша гирифта шудаанд. Дар соли нав баландшавии сандуқи қарзӣ ва депозитӣ, даромаднокии баланд, беҳтар шудани сифати корӣ ва кушодашавии се филиали нав дар назар аст», гуфт Катарина Шахтнер, раиси Раёсати ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон».
Гуфта мешавад, ки рӯйдодҳои муҳими соли 2014 барои бонк кушодашавии намояндагӣ дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Истаравшан мебошанд. Дар натиҷаи васеъ шудани шабака миқдори умумии филиалҳо ва шуъбаҳои «АксесБонк Тоҷикистон» ба 9 адад намояндагӣ расид, ки дар се минтақаи мамлакат бо муваффақият кор бурда истодаанд.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






